Таҷаммӯъи молбохтагони “Тоҷпромбонк” назди Бонки миллӣ ва порлумон
Теъдоде аз муштариёни бонки варшикаст ва лағви муҷаввизшудаи “Тоҷпромбонк” бо таҷаммӯъ назди бинои Бонки миллӣ ва порлумони кишвар хостори бозгардондани пулҳои хеш шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Фарғона, муштариён аз соли 2016 наметавонанд маблағҳои ба амонат гузошта худро аз Тоҷпромбонк пас бигиранду акнун даст ба домани Бонки миллӣ ва порлумони Тоҷикистон шудаанд.
Онон мегӯйянд, ки панҷ ҳафта аст мехоҳанд бо Ҳоким Холиқзода раиси ҷадиди Банки миллии Тоҷикистон дидор ва мушкили худро матраҳ кунанд. аммо муваффақ ба ин дидор нашуда ва ба сӯи порлумон рафтаанд.
Ин дар ҳолест, ки Раиси Тоҷпромбонк Ҷамшед Зиёев моҳи декабри соли 2020 дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба иттиҳоми ихтилос, азхудкардани ғайриқонунии манобеи молӣ ва ихтисоси вомҳои калон ба наздиконаш ба 8 солу шаш моҳ зиндон маҳкуми шуд.
Мизони қарзи Тоҷпромбонк ба муштарён 59 миллион сомонӣ ( муодили 5 миллиону 900 ҳазор доллар ) аст, ки ҳар моҳ ба онон 400 сомонӣ пардохт мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2017 барои хуруҷи ин банк аз бӯҳрони 450 миллион сомонӣ ба унвони вом дар ихтиёри ин ниҳод қарор дод, аммо авзоъ тағйир накард ва муҷаввизи фаъолияти он бекор шуд.
Бо вуҷуди ваъдаи масъулони Банки миллии Тоҷикистон дар мавриди фурӯши амволи Тоҷпромбонк ва пардохти қарзи муштарёни ин барнома то ба ҳол иҷроӣ нашудааст.
Аз дидгоҳи иқтисоддонони тоҷик иллати ба фурӯш нарафтани амвол ва дороиҳои Тоҷпромбонк ин аст, ки масъулони Банки миллии Тоҷикистон барои ин амвол баҳое бисёр боло таъин кардаанд ва ин мавзӯ харидоронро фирорӣ медиҳад.
Номаи муштариёни молбохтаи банки варшикастшудаи Тоҷпромбонк ба раиси ҷумҳурӣ, раиси маҷлиси намояндагону додситони кулли Тоҷикистон низ мушкилро ҳал накардааст.
Бештар бихонед: