Озодии Далер Шарифов аз зиндон
(last modified Fri, 29 Jan 2021 15:09:23 GMT )
Январ 29, 2021 20:09 Asia/Dushanbe
  • Рӯзноманигоре ки ба хотири навиштани китоби \
    Рӯзноманигоре ки ба хотири навиштани китоби \"Муҳаммад (с)\" муттаҳам ба ифротигароӣ ва зиндонӣ шуда буд, озод гардид

Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик, ки ба иттиҳоми таблиғи афкори ифротигарӣ ба як сол зиндон маҳкум шуда буд, озод гардидааст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Далер Шарифов, ки ба иттиҳоми ҳимоят аз афкори гурӯҳи “Ихвоналмуслимин”, барангехтани душмании миллӣ ва нажодиву мазҳабӣ ба як сол зиндон маҳкум шуда буд, субҳи рӯзи 29 январ озод гардида ва ба зодгоҳи хеш - ноҳияи Ваҳдат баргашта аст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 17 апрели соли 2020 Далер Шарифов, рӯзноманигори ҷавону шинохташудаи ин кишварро ба як соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон муддаиянд, ки Далер Шарифови 32 сола дар солҳои 2013 то 2019 ҳудуди 113 матлаб бо муҳтавои ифротигариро мунташир кардааст.

Бар асоси ин баёния, дар соли 2019 Далер Шарифов ба таври ғайриқонунӣ ва махфиёна рисолае бо унвони "Муҳаммад (с)" ба шуморагони 100 нусхаро бар асоси ақоиди гурӯҳи мамнӯаи “Ихвоналмуслимин” таҳия кардааст.

Ин дар ҳолест, ки вай дар ин рисола талош кардааст иттиҳоми иртиботи терроризм бо дини Исломро рад кунад.

Созмонҳои ҷаҳонии Дидабони ҳуқуқи башар ва гузоришгарони бидуни марз бо беасос хондани иттиҳомоти Далер Шарифов аз Ҳукумати Тоҷикистон борҳо дархост кардаанд, ки вайро бидуни қайду шарт озод кунад.

 

Бештар бихонед: