Эъломи замони ваксинатсияи умумии корона дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, тазриқи ваксина алайҳи вируси корона дар ин кишвар аз миёнаҳои имсол оғоз мешавад.
Ба гузориши Анатолия, Наврӯз Ҷаъфаров, аз масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар марҳалаи аввал кадри дармон, муаллимон ва афроди болои 50 сол дар авлавияти тазриқи ваксина қарор доранд ва як миллиону 800 ҳазор нафар алайҳи ин беморӣ эмгузаронӣ хоҳанд шуд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар гузорише эълом кардааст, ки 13 ҳазору 308 нафар дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шуда, ки аз ин теъдод 13 ҳазору 218 нафар беҳбуд ёфта ва 90 нафар низ ҷон бохтаанд.
Дар ҳудӯди 20 рӯзи ахир ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковид 19 дар Тоҷикистон гузориш нашуда ва вазъияти бемории корона дар ин кишвар сафед аст.
Бештар бихонед:
- Тазеҳоти вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи вазъияти сафеди корона дар ин кишвар
- Дар Тоҷикистон дигар вируси коронаи вуҷӯд надорад
- Баргузории намоз дар масҷидҳои Тоҷикистон бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ