Эмомалӣ Раҳмон қонуни хариди хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистонро имзо кард
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои ислоҳияи қонуни хизмати сарбозиро дар ин кишвар расмӣ кард.
Ба гузориши сомонаи Спутник, ин қонунро пеш аз ин Кумитаи умури дифо ва амниятии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод ва тасвиб кардааст.
Акнӯн бо имзои Эмомалӣ Раҳмон ҷавононе, ки ба далоили мухталиф намехоҳанд ба хизмати сарбозӣ шаванд, метавонанд бо пардохти маблағе, ки ҳукумати Тоҷикистон таъин мекунад корти муъофият дарёфт кунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки аз солҳо қабл мавзӯи зарурати қонунӣ кардани хариди хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон матраҳ буд, вале ҳукумати ин кишвар бо ин барнома мухолифат мекард.
Тарафдорони ин тарҳ муътақид буданд, ки иҷрои қонуни хариди хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ба дарёфт ришва ва фасодҳои молии роиҷ дар ин замина поён ва буҷети вазорати дифои ин кишварро низ афзоиш медиҳад.
Ба далели вазъи номуносиби иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ва вуҷӯди хушунат дар қисмҳои низомӣ ҳамасола ҳазорон нафар аз ҷавонони воҷиди шароити хизмат аз Тоҷикистон фирор мекунанд ва барои кор ба Русия мераванд, аммо идороти комиссариати ҳарбӣ ин афродро боздошт ва ба сурати иҷборӣ ба хизмати сарбозӣ эъзом мекунанд.
БЕШТАР БИХОНЕД: