Изҳороти пизишки рус дар бораи набуди Ковид 19 дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 31 Jan 2021 09:06:14 GMT )
Январ 31, 2021 14:06 Asia/Dushanbe
  • Пизишки рус: шароити кӯҳистонии Тоҷикистон муҳимтарин омили вазъияти сафеди коронаӣ дар ин кишвар аст
    Пизишки рус: шароити кӯҳистонии Тоҷикистон муҳимтарин омили вазъияти сафеди коронаӣ дар ин кишвар аст

Узви кумитаи беҳдошт ва дармон дар Думаи давлатии Русия мурооти тавсияҳои беҳдоштӣ, мудирияти ин беморӣ, афзоиши теъдоди озмоишҳо, бастани марзҳои заминӣ, маҳдӯдияти парвозҳои ҳавоӣ ва ҳамоҳангии мардум бо шароити ин бемориро аз далелҳои сифр шудани омори ибтило ба Ковид 19 дар Тоҷикистон баршумурд.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, доктор Татяна Саломатина бо ишора ба таъкиди раисиҷумҳур ва вазири тандурустии Тоҷикистон дар бораи мушоҳида нашудани ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба вируси корона дар ин кишвар дар 20 рӯзи ахир афзуд: “шароити кӯҳистонии Тоҷикистон ва дурии шаҳрҳо ва манотиқи рӯстоии ин кишвар аз якдигар муҳимтарин омили вазъияти сафеди корона аст”.

Бо ин ҳол ин пизишки рус муътақид аст, ки набояд бо мушоҳидаи беҳбуди авзоъи корона ва нодида гирифтани хатари эҳтимолии густариши дубораи Ковид 19 ба густариши вируси корона бетаваҷҷӯҳӣ шавад, зеро ин беморӣ ҳанӯз ҳам дар ҷаҳон дар ҳоли густариш аст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар гузорише эълом кардааст, ки 13 ҳазору 308 нафар дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шудааст, ки аз ин теъдод 13 ҳазору 218 нафар беҳбуд ёфта  ва 90 нафар низ ҷон бохтаанд.

Дар ҳудӯди 20 рӯзи ахир ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковид 19 дар Тоҷикистон гузориш нашуда ва вазъияти бемории корона дар ин кишвар сафед аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: