Январ 31, 2021 18:18 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз заминҳои варзишии ноҳияи Ҷайҳуни минтақаи Хатлон
    Баҳрабардорӣ аз заминҳои варзишии ноҳияи Ҷайҳуни минтақаи Хатлон

Замини варзишии ноҳияи Ҷайҳуни минтақаи Хатлон баҳрабардорӣ шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз сомонаи варзишии Тоҷикистон ин замин бахше аз маҷмӯаи варзишӣ аст ки корофарини маҳаллӣ Қудратулло Собиров барои сохтан ҳудуди 240 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.

Ин маҷмӯаи варзишӣ шароити мусоидеро барои омӯзиши тими волейболи духтарони минтақаи Ҷайҳун фароҳам кардааст.

Замини футбол, салони гуштингирӣ, бокс, воллейбол, баскетболл ва салони ихтисосии бонувон аз бахшҳои ин маҷмӯаи варзишӣ аст.

Дар ин маҷмӯаи варзишӣ, ки ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баҳрабардорӣ шуд рӯзонаи ҳудуди 100 нафар метавонанд варзиш кунанд.

Қурбон Ҳакимзода раиси минтақа низ дар маросими баҳрабардорӣ ин муҷтамаи варзишӣ хостори мушорикати ҳарчӣ бештар ҷавонон, аз ҷумла занони варзишкор шуд.

Ӯ гуфт: Ин марказ шароити матлуберо барои иртиқои сабки зиндагии солим фароҳам кардааст.  

 

Бештар бихонед: