Тамдиди яксолаи муҳлати сабти номи симкартаҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон
Муовини Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон аз тамдиди муҳлати сабтиноми симкартаҳои телефони ҳамроҳ дар кишвар то соли 2022 хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Илҳомҷон Атоев дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт: Аз соли 2014 то поёни соли 2020 беш аз 4 миллиону 500 ҳазор муштарии телефони ҳамроҳ шумораҳои худро бар асоси шиносномаи нави миллӣ сабт кардаанд.
Атоев таъкид кард: «Ҳанӯз ҳам 2 миллиону 600 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон симкартаҳои телефони ҳамроҳи худро бар асоси шиносномаи миллии нав сабт накардаанд ва аз ин рӯ ҳукумат ба онон фурсат медиҳад, ки то 15 феврали соли 2022 шумораҳои худро бо картаи миллии нав сабт кунанд”.
Ба гуфтаи Атоев дар Тоҷикистон 7 миллиону 300 ҳазор нафар истифодабари телефони ҳамроҳ ҳастанд.
Вай теъдоди корбарони интернет дар Тоҷикистонро низ 3 миллиону 34 ҳазор нафар эълом кард.
Бештар бихонед:
- Замони сабтиноми дубораи шумораи телефони ҳамроҳ бо картаи миллӣ дар Тоҷикистон тамдид шуд
- Ҳукумати Тоҷикистон дастури беҳбуди хадамоти Интернетро содир кард
- Ҷойгоҳи ҷаҳонии Тоҷикистон аз нигоҳи суръати Интернет