Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон барқ содир мекунад
Вазири энергетика захираҳои оби Тоҷикистон эълом кард, ки дар ҳоли ҳозир танҳо ба Афғонистон барқ содир мешавад.
Ба гузориши сомонаи «Азия плюс», Далер Ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки ба далели буҳрони камбуди барқ дар дохили Тоҷикистон акнун танҳо ба Афғонистон содироти барқ идома дорад.
Вай эълом кард, ки содироти барқи Тоҷикистон дар соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019 ба се кишвари Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон 48 дарсад коҳиш ёфтааст.
Буҳрони камобӣ дар соли 2020 боис шуд, ки на танҳо содироти барқи Тоҷикистон коҳиш ёбад, балки дар дохили кишвар низ маҳдудияти барқ ҷорӣ шуд.
Бар асоси мусаввабаи Ҳукумати Тоҷикистон, маҳдудияти барқ дар манотиқи рустоӣ аз шаби 5 январи 2021 амалӣ шуд, ки аз соати 23 шаб то 6 субҳ ва танҳо манотиқи рустоиро шомил мешавад.
Бештар бихонед:
- Оғози дубораи маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон аз имшаб
- Сукути ширкати «Барқи Тоҷик» дар бораи замони лағви маҳдудияти барқ