Синамобазми байналмиллаии “Дидор” дар Душанбе
Синамогарони Ҷумҳури Исломии Ирон дар ҳафтумин ҷашнвораи байнаймиллалии филми “Дидор” дар Тоҷикистон ҳузури фаъол дошта, ҷойгоҳи вижае барои худ касб кардаанд.
Синамобазми байналмиллаии “Дидор” бо ҳузури намояндагони беш аз даҳ кишвари ҷаҳон ахиран дар Душанбе ифтитоҳ шуда, қарор аст то рӯзи 20 октябр беш аз 80 филми баланди достонӣ ва филми кутоҳ ба намоиш гузошта шавад.
Аз ҷумла дар ин ҷашнвора ҳайати синамогарони шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Ирон бо 8 филми баланди достонӣ ва синамогарони ҷавони Ирон бо чандин филми кутоҳи ҳузур пайдо кардаанд.
Каюмарси Пурмуҳаммад бо филми “Кафшҳоям ку”, Абулҳасани Довудӣ филмӣ “Рухи Девона”, Фарзоди Муътамин филми “Худофоҳизи Тулонӣ”, Муин Каримуддинӣ филми “Атлан”, Кова Ироҳимпур филмӣ “Яҳё сукут накард” ва Амирҳусейни Аскарӣ бо филми “ Бидуни марз” аз ҷумлаи ширкатдорони ҷашнвораи филми “Дидор” дар шаҳри Душанбе ҳастанд.
Аз сӯи дигар Ризо Каёниён ҳунарпешаи саршиноси Ирон ба ҳайати доварони ҷашнвораи байналмилалли филми “Дидор” шомил аст.
Абулҳасани Довудӣ коргардони шинохтаи синамои Ирон мегуяд, ки равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Ирон метавонад заминаи хубе барои рушди ҳамкорӣ дар асраҳои мухталиф миёни ду кишвар бошад.
Ба гуфтаи Абулҳасани Довудӣ Ҷумҳурии Исломии Ирон бо тавонмандиҳое, ки дар санъати синамо дорад, метавонад барои рушди синамои тоҷик кумаки муассир расонад.
Абдулқайси Шералӣ ҳунарпешаи шинохтаи синамо ва театри тоҷик аз таҷрибаи ҳамкории судманди хеш бо синамогарони Ирон ёдоварӣ карда мегуяд, ки синамо василаи мусире барои муаррифии фарҳани мардуми форсигу барои ҷаҳониён аст.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Сафар Ҳақдодов раиси Анҷумани синамогарони Тоҷикистон ҷашнвораи филми "Фаҷр"-и Ирон, анҷумани синамои ҷавонони Ирон ва сафорати Ирон дар Душанбе аз ҷумлаи сарпарасотони ҷашнвораи имсолаи филми “Дидор” дар Душанбе ҳастанд.
Бояд гуфт, ки ҷашнвораи имсола ва ҳафтуми "Дидор" дар Тоҷикистон бо филми "Бародар”-и коргардони маъруфи тоҷик марҳум Бахтиёр Худоназаров оғоз шуд ва ҷашнвораи имсолаи "Дидор" ба хотири ёдбуди ин коргардони маъруфи тоҷик бахшида шудааст.
Дар ҷашнвораи имсолаи “Дидор” намояндагони санъати синамо аз Русия, Амрико, Ирон, Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон ва Муғулистон ширкат доранд.
Дар филмҳои ин ҷашнвораи “Дидор” ба мавзуи “гуфтугӯи фарҳанги Ғарбу Шарқ”, “Синамои форсизабонҳо – Афғонистон, Ирон ва Тоҷикистон” ва осори синамогарони ҷавону навкор таваҷҷуҳи хос шудааст.
Гуфтанист синамобазми байналмилалии “Дидор” аз соли 2004 ин ҷониб дар ду сол як бор баргузор мешавад. Ҷашнвораи гузаштаи “Дидор” ба 110-солагии Комил Ёрматов коргардон, филмноманавис, ҳунарпешаи саршиноси тоҷик ва асосгузори синамои Тоҷикистон бахшида шуда буд.