Барқи Сангтӯда 1: Нерӯгоҳ наметавонад бифурӯшад ва Барқи тоҷик наметавонад бихарад
(last modified Tue, 02 Feb 2021 16:35:04 GMT )
Феврал 02, 2021 21:35 Asia/Dushanbe
  • Қарзи Барқи тоҷик ба нерӯгоҳи Сангтуда 1 ҳамчунон меафзояд ва нерӯгоҳ ҳам наметавонад харидори ҷадид пайдо кунад
    Қарзи Барқи тоҷик ба нерӯгоҳи Сангтуда 1 ҳамчунон меафзояд ва нерӯгоҳ ҳам наметавонад харидори ҷадид пайдо кунад

Мудирияти нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 1 бо вуҷуди талошҳо барои фурӯши барқ ба харидорӣ ҷуз ширкати қарздори Барқи тоҷик дар ин амр муваффақ набудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик , акнун маҷмӯи қарзи ширкати Барқи тоҷик ба нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 1 ба як миллиарду 600 миллион сомонӣ ( беш аз 140 миллион доллар ) расидааст.

Бар асоси ин гузориш, ба далели нотавонии ширкати давлатии Барқи тоҷик дар пардохти қарзи хеш, тавлиди барқ дар нерӯгоҳи Сангтӯда 1 дар соли 2020 аз 2 миллиарду 700 миллион киловатт соат ба 2 миллиарду 300 миллион киловатт соат коҳиш ёфт.

 Талоши мудирияти нерӯгоҳи Сангтӯда 1 барои фурӯши барқи хеш ба сурати мустақил аз ширкати Барқи тоҷик ва ё фурӯш ба хориҷ то ба ҳол бенатиҷа будааст.

Дар айни замон ширкати Барқ тоҷик наметавонад барқи нерӯгоҳи Сангтӯда 1-ро харидорӣ кунад, ки ба далели буҳрони камбуди барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон маҳдудият аз соати 23 шаб то 6 субҳ ҷорӣ шудааст.

Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 1, ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ҳосили кори ин нерӯгоҳ аст.

Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсад аз саҳҳоми молии нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 1-ро дар ихтиёр доранд.

 

Бештар бихонед: