81,4 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон ба оби ошомидании солим дастрасӣ доранд
(last modified Wed, 03 Feb 2021 05:50:14 GMT )
Феврал 03, 2021 10:50 Asia/Dushanbe
  • Ду миллиону 400 ҳазор нафар аз мардуми Тоҷикистон  ҳанӯз ба оби ошомидании солим дастрасӣ надоранд
    Ду миллиону 400 ҳазор нафар аз мардуми Тоҷикистон ҳанӯз ба оби ошомидании солим дастрасӣ надоранд

Раиси кумитаи давлатии рушди деҳоти Тоҷикистон аз дастрасии 7 миллиону сад ҳазор нафар аз ҷамъияти кишвар ба оби тозаи ошомиданӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Қосими Раҳбар дар нишасти хабарии мақомоти ин комитет дар Душанбе гуфтааст, ки дар соли 2020 беш аз 201 ҳазор нафар аз сокинони манотиқи деҳотии Тоҷикистон аз оби тозаи ошомиданӣ баҳраманд шуданд, ки дар шароити густариши Ковиди 19 ва коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ ва сохтусоз дастоварди муҳимме ба ҳисоб меояд.

Вай таъкид кардааст, ки таъммини ин теъдод аз ҷамъияти Тоҷикистон бо оби беҳдоштӣ дар соли 2020 бо сармоягузории ҳукумат ва фаъолони бахши хусусӣ имконпазир шудааст.

Ба гуфтаи Қосим раҳбар умдаи ин тарҳҳо бо кандани чоҳҳо ва лӯлакашии об иҷро шудааст, ки камҳазина мебошад.

Бар асоси гузориши комитети давлатии рушди манотиқи деҳоти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 83, 6 дарсади ҷамъияти вилояти Суғд, 64 дарсади вилояти Хатлон, 82, 5 дарсади аҳолии вилояти Бадахшон, 98, 8 дарсади сокинони шаҳри Душанбе ва 82 дарсади сокинони манотиқи марказии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шудаанд.

 

Бештар бихонед: