Ҳушдори мақоми Фаластин дар бораи шиддатёбии ривоҷи бемориҳои кушанда дар Ғазза
Шаҳрдори шаҳри Ғазза дар бораи шиддатёбии ривоҷи бемориҳои вогир ба иллати набуди оби ошомидании солим ва аз байн рафтани зерсохтҳои беҳдошт ва дармон дар минтақаи Ғазза вобаста ба ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ҳушдор дод.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА,Яҳё Рушди ал-Сироҷ-шаҳрдори шаҳри Ғазза имрӯз чаҳоршанбе дар бораи авзоъи вахими беҳдошт ва оби ошомиданӣ ва ҳамчунин камбуди шадиди ғизои кӯдакон дар ин шаҳр ва ҳамчунин ривоҷи бемориҳои вогир ба сабаби анбошти пасмондҳо ҳушдор дод.
Ал-сироҷ бо таъкид бар ин, ки камбуди сӯхт монеъ аз иқдомоти мо барои таъмини оби ошомиданӣ ва роҳандозии системҳо барои хадамотрасонӣ ба сокинони Ғазза мешавад, тасреҳ кард: Аавзоъи беҳдошти дар Ғазза фоҷеъабор аст ва ишғолгарони исроилӣ барқасдона марказҳои беҳдошт ва дармони шаҳри Ғаззаро ҳадаф қарор медиҳанд.
Шаҳрдори Ғазза гуфт: Пас аз баста шудани гузаргоҳҳои борикаи Ғазза, колоҳои ғизоӣ камёб шуда ва нархҳояшон гарон шудаанд.
Ин дар ҳоле аст,ки чанде қабл Флип Лозорини-раиси Ожонси имдодрсонӣ ва корёбии СММ барои оворагони фаластинӣ бо маҳкумияти монеъаҳои барқасдонаи режими саҳюнистӣ дар дастёбии фаластиниёни борикаи Ғазза ба кумакҳои башардӯстона, гуфт: Муҳосира, гуруснагӣ ва бемориҳо ба зудӣ ба қотилони аслии мардуми борикаи Ғазза табдил хоҳанд шуд.