Феврал 03, 2021 13:06 Asia/Dushanbe
  • Дар як моҳи ахир ду шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости Қирғизистон дар Русия боздошт шудаанд
    Дар як моҳи ахир ду шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости Қирғизистон дар Русия боздошт шудаанд

Мақомоти интизомии Русия ба дархости ҷониби Қирғизистон шаҳрванди 45 солаи тоҷикистон Фурқат Абдулфаттоҳовро дар Ҷумҳурии Худмухтори Бошқирдистон боздошт кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тов Ти Ҷи, ҷониби Қирғизистон аз тариқи полиси байналмилал бо таҳти таъқиб қарор додани ин шаҳрванди тоҷик муддаӣ шудааст, ки вай шаби 13 марти соли 2020 дар даргирии миёни сокинони деҳоти марзии ноҳияҳои Исфара ва Ботканд ба сӯи қирғизҳо тирандозӣ кардааст.

Аммо Саидимом сарконсули Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Худмухтори Бошқирдистон дар номае ба мақомоти интизомии Русия таъкид кардааст,  ки Фурқат Абдулфаттоҳов дар торихи ёдшуда аслан дар Тоҷикистон ҳузур надошта ва дар Русияи машғул ба кор будааст.

Як моҳ қабл низ  сокини дигари деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон Диловар Ҷӯраев ба иттиҳоми мушобеҳ ва бар асоси дархости тарафи Қирғизистон дар Русия боздошт шуда буд.

Гуфта мешавад, ки мақомоти қазоии Қирғизистон 23 сокини деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистонро ба иттиҳоми мушорикат дар даргирии марзӣ бо қирғизҳо таҳти таъқиби полиси байналмилал қарор додаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки ба далели ихтилоф бар сари манобеи об, чарогоҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ бо вуҷуди беш аз 25 соли музокирот танҳо дар мавриди аломатгузорӣ 504 километр аз манотиқи марзӣ ба тавофуқ расидаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп