Вазорати тандурустии Тоҷикистон набудани вируси англисии коронаро эълом кард
-
Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар мавриде аз коронаи англисӣ мушоҳида нашудааст
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки дар кишвар вируси коронаи англисӣ мушоҳида нашудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Ҷамолиддин Абдуллозода ҳангоми боздид аз фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва ошноӣ бо мурооти тавсияҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз густариши вируси корона гуфт: « Хушбахтона дар Тоҷикистон ҳеч мавриди гирифтор шудани афрод ба вируси ҷаҳишёфтаи англисии корона мушоҳида нашудааст.»
Абдуллозода дар фурӯдгоҳи Душанбе бо фаъолияти озмоишгоҳи ташхиси Ковиди 19, ки мусофиронро ҳангоми вуруд аз хориҷ мавриди озмоиш қарор медиҳад, ошно шуд.
Ба гуфтаи Абдуллозода Тоҷикистон барои пешгирӣ аз вуруди вируси корона тадбирҳои ҳифозатиро дар фурӯдгоҳҳои кишвар шиддат медиҳаду дар сурати мушоҳидаи ҳар навъи аломати мубтало шудани афрод ба Ковиди 19 онон ба муддати ду ҳафтаи карантин мешаванд.
Вай ҳамчунон аз мардум хост муқаррароти гигиениро риоят кунанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки дар 23 рӯзи ахир дар ин кишвар мавриди ҷадиди мубтало шудани афрод ба Ковиди 19 сабт нашудааст.
Бар ин асос теъдоди мубталоёни Ковиди 19 дар Тоҷикистон бидуни тағйир ҳамон 13 ҳазору 308 нафар ва шумори ҷонбохтагон низ ҳамон 90 нафари қабл аст.
Аз 13 ҳазору 308 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 13 ҳазору 220 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Бештар бихонед: