Муҳимтарин мушкили бахши хусусии Тоҷикистон аз нигоҳи Бонки Ҷаҳонӣ
Бонки Ҷаҳонӣ дар охирин гузориши худ дар бораи Тоҷикистон молиётро муҳимтарин мушкили бахши хусусии кишвар эълом кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, дар гузориши тозаи Бонки ҷаҳонӣ, ки ба баррасии тарҳи қонуни ҷадиди андоз дар Тоҷикистон ихтисос дорад низоми феълии молиёти ин кишварро " монеи ҷиддӣ дар роҳи рушди бахши хусусӣ " донистааст.
Аз дидгоҳи коршиносони Банки ҷаҳонӣ набуди тавозуни молиётӣ миёни ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ, баҳрамандии беш аз андозаи бархе ширкатҳо аз муъофияти молиётӣ, коромади набудани мудирият ва молиёти сангин барои ширкатҳои хурд ва миёна монеъҳои ҷиддии рушди иқтисод ва тиҷорат дар Тоҷикистон аст.
Дар гузориши Банки ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки тайи 10 соли ахири 68 дарсад аз манобеи молии бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон аз пардохти андоз таъмин шудааст.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар паёми солонаи худ ба маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон эълом кард тарҳи қонуни ҷадиди молиёт бояд бо меҳварият додани сабукӣ ба бахши хусӯсӣ ва марокизи тавлидӣ то аввали моҳи марти имсол тадвин шавад.
Бонки ҷаҳонӣ бар асоси омори соли 2020 аз нигоҳи шохиси молиётӣ Тоҷикистонро дар ҷойгоҳи 139 ҷаҳонӣ қарордодааст, ки яке аз кишварҳои дороии мизони андози вазнин ба ҳисоб меояд.
Бештар бихонед: