Кашфи 28 майдони нафту газ дар Тоҷикистон
Феврал 04, 2021 17:54 Asia/Dushanbe
Идораи заминшиносии Тоҷикистон аз кашфи 28 майдони нафту газ дар кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник , Алимаҳмуди Ализода-муовини раиси Идораи заминшиносии Тоҷикистон гуфт: Зарфияти ин майдонҳо ҳудуди 2.2 миллион тон нафт ва 3.4 миллиард метри мукааб газ аст.
Ӯ афзуд: Тоҷикистон соли гузашта аз майдонҳои кашфшуда 24 ҳазор тон нафт истихроҷ карда, ки 1116 тон бештар аз соли 2019 буда аст.
Муовини раиси Идораи заминшиносии Тоҷикистон ҳамчунин афзуд: Дар ҳоли ҳозир аз 40 кон дар Тоҷикистон тилло истихроҷ мешавад ва 85 маҳали захираи тилло низ дар кишвар шиносоӣ шуда аст.
Бештар бихонед:
Барчасп