Ширкатҳои сохтмонии Бек Сабур дар Тоҷикистон дар феҳристи сиёҳ қарор мегирад
(last modified Fri, 05 Feb 2021 16:28:34 GMT )
Феврал 05, 2021 21:28 Asia/Dushanbe
  • Иҷозатномаи фаъолияти ширкатҳои сохтмонии Бек Сабур бекор мешавад
    Иҷозатномаи фаъолияти ширкатҳои сохтмонии Бек Сабур бекор мешавад

Раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон аз қарор гирифтани ширкатҳои сохтмонии мутааллиқ ба раиси Хадамоти алоқа дар феҳристи сиёҳ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Муҳаммадсаид Зубайдзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки муҷаввизи фаъолияти ширкатҳои сохтмонии Бек Сабур пас аз баҳрабардорӣ аз 3 манзили маскунӣ бекор хоҳад шуд.

Вай изофа кард: Бо гузашти 8 сол аз супоридани маблағи хонаҳои пешсохта аз сӯйи муштариён ба ҳисоби ширкатҳои хонасозии Бек Сабур, ҳанӯз ҳам асноди ин хонаҳо дучори мушкилоте аст ва саргардонии мардум идома дорад.

Раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт: Аз ин рӯ, пас аз таҳвили ин хонаҳо ба моликонашон, ширкатҳои сохтмонии вобаста ба раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дигар ҳаққи сохтусоз нахоҳанд дошт.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, кормандони давлатӣ ба корҳои дигар, аз ҷумла бахши тиҷорат ва сохтусоз ҳаққи фаъолият надоранд.

Ширкатҳои сохтмонии Бек Сабур, ки ба номи фарзанди раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабт шудааст, дар солҳои ахир бо мушкили амал накардан ба тааҳҳудоташ дар таҳвили хонаҳои муштариён рӯ ба рӯ шудааст.

Бек Сабур қудои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

 

Бештар бихонед: