Вокуниши Иноятзода ба ҳукмаш: Дар додгоҳи Тоҷикистон адолат вуҷуд надорад
Шаҳрдори собиқи Кӯлоб, ки дар додгоҳи вилояти Хатлон ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст, ба эътироз ба ин ҳукм гуфт: Дар низоми додгоҳи Тоҷикистон ҳеҷ асаре аз адолат вуҷуд надорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Баҳром Иноятзода ба ҷурми ихтилос, кулоҳбардорӣ, сӯистифода аз мавқеияти шуғлӣ ва дарёфти ришва ба 12 сол зиндон маҳкум шуд, аммо вай бо радди ин иттиҳомот муддаӣ аст, ки дар низоми додгоҳии Тоҷикистон заррае адолат вуҷуд надорад.
Иноятзода таъкид кардааст, ки 37 сол аз умри хешро барои хидмат ба Тоҷикистон сарф карда ва ҳеҷ гоҳ дар фикри тасарруфи манобеи молии давлатӣ ва сӯистифода аз мавқеияти шуғлӣ набудааст.
Вай бо ёдоварӣ аз хадамоти хеш барои рушди шаҳри Кӯлоб ва суръат бахшидан ва сохтусоз дар ин шаҳр гуфтааст, ки ҳатто барои хеш хонае насохтааст, аммо акнун иттиҳомоти нораво ба вай ворид мекунанд.
Намояндаи додситонӣ дар додгоҳи Хатлон барои Иноятзода 14 сол зиндон хостор шуда буд.
Иноятзода, ки қаблан шаҳрдори Истаравшан дар вилояти Суғд буд, моҳи майи соли 2019 ба фармони Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб мансуб шуд.
Бо ин ҳол бархе аз манобеи мустақили хабарӣ мегӯянд, ки мушкилоти шаҳрдори Кӯлоб замоне оғоз шуд, ки вай аз фаъолияти ширкати сохтмонсозии "Комил" ба далели напардохтани молиёт интиқод кард.
Ширкати сохтмонсозии "Комил" мутаалиқ ба фарзанди Бек Сабур раиси хадамоти мухобирот ва алоқаи Тоҷикистон аст.
Додгоҳи вилояти Хатлон, ҳамчунин ронанда, муншӣ ва мудири анбори шаҳрдории Кӯлобро дар иртибот бо парвандаи Баҳром Иноятзода ба 8 ва 7 сол зиндон маҳкум кард.
Иноятзодаи 60 сола ҳангоме, ки шаҳрдори Истаравшан буд, ба динситезӣ шӯҳрат дошт ба тавре, ки гуфта буд касе аз масҷид бо фикри солим берун наёмадааст.
Дар муддати ду соли шаҳрдории ӯ 36 масҷид дар Истаравшан таътил шуд.
Бештар бихонед: