Таъсиси донишгоҳи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон дар Хуҷанд
(last modified Fri, 05 Feb 2021 16:59:11 GMT )
Феврал 05, 2021 21:59 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси ташкили донишгоҳи муштаракро Узбакистон пешниҳод кардааст
    Таъсиси ташкили донишгоҳи муштаракро Узбакистон пешниҳод кардааст

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз таъсиси донишгоҳи муштараки ин кишвар бо Узбакистон дар шаҳри Хуҷанд хабар дод.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки пешниҳоди таъсиси донишгоҳи муштаракро Узбакистон додааст ва ин тарҳ бо истиқболи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯ ба рӯ шудааст.

Ӯ изофа кард: Ин донишгоҳ имсол бо истифода аз имконоти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ хоҳад шуд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи теъдоди донишкадаҳо, мизони маблағи шартнома ва стипендия, барномаву забонҳои омӯзишӣ дар донишгоҳи нав низ гуфтааст, ки ин масоил ба зудӣ пас аз машварат бо тарафи Узбакистон мушаххас хоҳад шуд.

Дар айни ҳол Имомзода инро ҳам гуфт, ки тадрис дар ин маркази нави омӯзишӣ ба ду забони русӣ ва англисӣ хоҳад буд ва поённомаҳо (корҳои дипломӣ) –и донишгоҳӣ низ бар асоси стандартҳои байналмилалӣ таҳия хоҳад шуд ва дар Тоҷикистон ва Узбакистон эътиборе яксон хоҳад дошт.

 

Бештар бихонед: