Бозгашти муҳоҷирон ва донишҷӯён ба Русия; дастури кори Расулзода дар Маскав
(last modified Sat, 06 Feb 2021 07:09:50 GMT )
Феврал 06, 2021 12:09 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Тоҷикистон дар Маскав бо муовини нахуствазири Русия дидор мекунад
    Нахуствазири Тоҷикистон дар Маскав бо муовини нахуствазири Русия дидор мекунад

Нахуствазири Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти ду рӯзаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Русия ва Тоҷикистон ба Маскав сафар хоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Қоҳир Расулзода рӯзҳои 8 ва 9 феврал дар Маскав бо Алексей Оверчук, муовини нахуствазир ва ҳам раиси русии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистону Русия дар бораи сатҳи феълӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу табодули назар хоҳад кард.

Дар ин нишаст зарурати азсаргирии парвозҳои муназзам миёни ду кишвар, судӯри муҷаввизи сафари донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия, ки ба далели густариши вируси корона дар Тоҷикистон саргардон ҳастанд, бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия, мушорикати ширкатҳои русӣ дар бахшҳои энержӣ ва истихроҷи маодин ва фароварии маҳсӯлоти кишоварзӣ, баррасӣ хоҳад шуд.

Ба далели густариши вируси корона ва баста шудан марзҳои заминии Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таваққуфи парвози ҳавопаймоҳо дар соли 2020 ҳазорон коргари муҳоҷири тоҷику донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия натавонистанд барои идомаи кору таҳсил ба Русия бираванд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Аз саргирии фаъолияти дафтари намояндагии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон