Вокуниши вазири маорифи Тоҷикистон ба гузоришҳо аз фасоди ин вазоратхона
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба гузориши Девони муҳосиботи ин кишвар, ки ҳамвора муассисаи таҳти роҳбарияшро фасодзадатарин созмони давлатӣ номидааст, вокуниш нишон дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Муҳамадюсуф Имомзода гуфтааст, ки бахши маорифи Тоҷикистон 2 миллиону 700 ҳазор нафар аз ҷамъияти наздик ба 10 миллион нафарии ин кишварро шомил мешавад ва ҳамасола 19 ва нуҳ даҳяк фоиз аз манобеи буҷети ҳукумати Тоҷикистон, ки баробар бо 6 дарсад аз кулли тавлиди нохолиси миллӣ аст ба ин вазоратхона ихтисос меёбад.
Вай бо ишора ба гузориши девони муҳосиботи Тоҷикистон, ки Вазорати маориф ва илмро дар соли 2020 фосидтарин ниҳоди давлатии ин кишвар муаррифӣ кардааст гуфт: " Ин гузориш тахаллуфоти молии соли гузашта дар Вазорати маорифи ва илмро наздик ба 10 миллиону 800 ҳазор сомонӣ эълом карда ва ин дар ҳолест, ки бахши умдаи манобеи молии ин вазоратхона дертар аз замони таҳияи ин гузориш ба ҳисоби вазорат вориз шудааст.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон изофа кард: Акнун бо Вазорати молия вориди музокира шудаем то роҳкори шаффофсозӣ ҳазина кардаи буҷети ин вазоратхона тадвин ва ироя шавад.
Ин изҳороти вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳолест, ки мақомоти ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар солҳои ахир ин вазоратхонаро нахустин ниҳоди давлатии фасодзада дар ин кишвар муаррифӣ мекунанд.
Бештар бихонед: