Суханронии видеоконфронсии Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар мизи мудаввари СММ
Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон видеоконфронсе дар ифтитоҳияи мизи мудаввари Созмони милал ширкат ва суханронӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Вазорати тавсеъаи иқтисодии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, дар ин суханронии маҷозӣ дар мавриди саноати пойдор ва иҷрои дастури кори 2030 дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо дигар суханрониҳо баҳс ва табодули назар кард.
Вай гуфт: Тоҷикистони мувофиқати номаи Париж дар мавриди тағири иқлимро тасвиб карда ва аҳдоферо барои истифода аз энержии сабз, аз ҷумла иҷроии сиёсатҳои коҳиши истифода аз ангиштсангу интиқол ба энержиҳои таҷдидпазир фановариҳои босарфаи энержӣ таъин кардааст.
Дар поёни ин конференсияи видеоӣ Армида Салсия Алсахбан, Директори иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором, Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари пешрафта дар минтақа дар истифодаи энержии "сабз" ва рушди устувори иқтисодӣ эълон кард.
Бештар бихонед: