Воридоти 234 ҳазор тонна бензин соли 2020 ба Тоҷикистон
-
Воридоти 234 ҳазор тонна бензин соли 2020 ба Тоҷикистон
Тоҷикистон соли 2020 ҳудуди 234 ҳазор тонна бензин ворид кардааст.
Ба гузориши радиоии бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Осиё Плюс, ин мезон ҳудуди 37 фоиз бештар аз соли 2019 аст.
Бар асоси омори расмӣ, ҳар тонна бензин 416 доллар барои воридкунандагон ҳазина дорад.
Ҳамчунин соли гузашта ҳудуди 298 ҳазор тонна сӯхти дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шуд, ки ҳудуди 20 фоиз бештар аз соли 2019 аст.
Тоҷикстон соли 2020, ба истиснои гази моеъ, ҳудуди 584 ҳазор тонна фаровардаи нефтӣ ворид кард.
Соли гузаштаи мелодӣ Тоҷикистон 258 тонна бензин, ҳудуди 6 ҳазор тонна сӯхти дизел ва беш аз 7 ҳазор тонна мазут тавлид кардааст.
Тоҷикистон аз соли 2013 ҳудуди 90 дарсад маҳсулоти нефтии мавриди ниёзи худро аз Русия ворид мекунад.
Бештар бихонед:
- Афзоиши нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон
-
17 дарсад аз воридоти Тоҷикистон саҳми сузишвори, гандум ва орд