Феврал 08, 2021 22:22 Asia/Dushanbe
  • Коршиносони тоҷик сабаби истифодаи камтар аз банкоматҳо дар Тоҷикистонро беэътимодӣ ба низоми бонкӣ медонанд
    Коршиносони тоҷик сабаби истифодаи камтар аз банкоматҳо дар Тоҷикистонро беэътимодӣ ба низоми бонкӣ медонанд

Мақомоти Бонки Миллӣ ва «Амонатбонк»-и Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 201 дастгоҳи худпардоз (банкомат) ба сабаби набуди пул, қатъи барқ ва харобии таҷҳизот фаъолият намекунад.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», ин мудирон ба мардум тавсия кардаанд, ки аз равиши пардохти ғайринақдӣ ва кортхонҳо бештар истифода кунанд.

Аз дидгоҳи масъулони ду банки мазкур, танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз рушди нақдинагӣ ва анҷоми роҳаттари пардохтҳо насби кортхон ва истифода аз ин таҷҳизот аст.

Аммо коршиносони тоҷик иллати истифодаи камтар аз кортҳои бонкӣ ва худпардозҳо дар Тоҷикистонро беэътимодии мардум ба низоми бонкӣ медонанд.

Дар соли ахир теъдоди зиёде аз бонкҳои Тоҷикистон ба далели нотавонӣ дар бозпардохти супурдаҳои муштариёни худ варшикаст шудаанд ва муштариёни онҳо наметавонанд супурдҳои худро бозпас гиранд.

Ҳамин мавзуъ сабаб шудааст, мардум ва ба вижа фаъолони бахши хусусӣ муомилоти нақдиро тарҷеҳ диҳанд ва манобеи молии худро на дар бонкҳо, балки дар хонаҳо нигаҳдорӣ кунанд.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп