Феврал 10, 2021 21:52 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълом кард: минтақаи марзии мавриди иддаои мақомоти қирғиз ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст
    Вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълом кард: минтақаи марзии мавриди иддаои мақомоти қирғиз ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст

Вазорати  умури хориҷаи Тоҷикистон ба изҳороти мақомоти сиёсии Қирғизистон дар бораи вогузории сарчашмаи канали обрасонӣ ба садди вилояти Ботканд ба Тоҷикистон вокуниш нишон дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, суханони нахуствазири нави Қирғизистон ва як намояндаи маҷлиси ин кишвар дар бораи вогузории сарчашмаи канали обрасонӣ ба садди вилояти Ботканд ба Тоҷикистон беасос мебошад.

Улуғбек Маъруфов, нахуствазири нави Қирғизистон ҳангоми дарёфти раъйи эътимод дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфта буд: “Сарчашмаи канали обрасонӣ ба садди вилояти Ботканд бар асоси тавофуқ бар сари аломатгузории марзи муштарак бо Тоҷикистон, ба кишвари ҳамсоя вогузор шуд”.

Аммо Тозабек Икромов, намояндаи маҷлиси қонунгузории Қирғизистон бо эътироз ба ин тасмим, хостори баррасии мавзуъ шуд.

Вазорати  умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки иттифоқан ин минтақа, ки мақомоти Қирғизистон муддаии вогузории он ба кишвари ҳамсоя ҳастанд, ҳанӯз аломатгузорӣ нашудаву музокироти дуҷониба дар ин замина идома хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, зарурат дорад, ки мақомоти сиёсии Қирғизистон ҳангоми изҳори назар дар бораи масоили марзӣ ҷониби эҳтиётро риоят кунанд то ки сабаби эҷоди нофаҳмӣ дар афкори умумӣ нагардад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 978 километр марзи муштарак доранд, ки фақат ҳудуди 520 километр аз он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар манотиқ аломат гузоринашудаи марзи ду кишвар, ба вижа дар ноҳияҳои марзии вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон, борҳо бар сари манобеи об, роҳҳои иртиботӣ ва чарогоҳҳо  даргирӣ шуда ва чандин нафар ҳам дар ин муноқишот кушта ё захмӣ шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп