Тавзеҳи вазири кишоварзии Тоҷикистон дар хусуси озод шудани кишоварзон аз андоз
Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар бораи сабукиҳои ироашуда ба кишварзон дар соли 2021 тавзеҳ дод.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Сулаймон Зиёзода таъкид кард, ки аз якуми январи соли 2021 то 31 декабри соли 2021 тамоми онҳое, ки ба кишоварзӣ машғуланд, аз андози ягона ё худ андози замин озоданд.
Вай афзуд: Агар кишоварзе барои моҳи январ андози ягона пардохт карда бошад, бояд аз ҳисоби дигар андозҳо ба ӯ сабукӣ дода шавад то хароҷоти кардаи кишоварз ҷуброн шавад.
Ба гуфтаи вазири кишоварзии Тоҷикистон, андози ягона мувофиқи меъёрҳои минтақаҳои Тоҷикистон аз 156 то 200 сомонӣ барои ҳар гектар дар назар гирифта шудааст, ки имсол кишоварзон аз пардохташ озод шудаанд.
Зиёзода тавзеҳ дод: Аз ҳисоби ин сабукӣ, кишоварзони Тоҷиикстон дар соли 2021 ҳудуди 256 миллион сомониро сарфаҷӯӣ хоҳанд кард, ки агар ҳамин маблағ барои хариди нуриҳои минералӣ ҳазина шавад ва ҳосилнокии пахта аз 22 сентенери ҳозира ба 25 сентенер расонида шавад, ҳудуди 54 ҳазор тон пахта барзиёд ҷамъоварӣ мегардад.
Вазири кишоварзӣ ҳамчунин гуфт: Кишоварзон андози иҷтимоӣ месупоранд, яъне ҳар саҳмдори хоҷагии деҳқонӣ бояд 10 сомонӣ андози иҷтимоӣ супорад. Инчунин деҳқонон бояд андози содакардашудаи 6 дарсадӣ пардохт кунанд, вале ин навъи андоз танҳо аз онҳое ситонида мешавад, ки пахта мекоранд.
Бештар бихонед:
- Коршиноси рус: Озодкунии яксолаи андоз барои кишоварзони тоҷик кофӣ нест
- Болотарин дастмузд барои кормандони бонкҳо ва камтарин аз они кишоварзони тоҷик аст