Феврал 11, 2021 17:20 Asia/Dushanbe
  • Ташкили 609 парвандаи қонуншиканӣ дар Кумитаи умури дини Тоҷикистон

609 парвандаи қонуншиканӣ ба далели мутобиқат надоштан бо Қонуни танзими расму оинҳо дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Кумитаи умури дини Тоҷикистон, раиси кумитаи дин ва танзими анъанаҳо ва ҷашнҳои Тоҷикистон гуфт: Аз ин шумор 9 парванда бекор шуда ва 600 парвандаи боқимонда низ ҳаллу фасл шудааст .

  Сулаймон Давлатзода афзуд: Теъдоди парвандаҳои соли гузашта 86 маврид камтар аз соли 2019 будааст .

  Ӯ гуфт : Қонуншиканҳо 2 599 191 сомонӣ ҷарима шуданд,ки аз ин маблағ ҳудуди 1 630 324 сомонӣ аз онҳо дарёфт шудааст .

  Раиси кумитаи дин ва танзими анъанаҳо ва ҷашнҳои Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи равона кардани шаҳрвандони тоҷик ба маросими Ҳаҷ  ҳам афзуд : Баргузории Ҳаҷҷи имсол ба вазъияти корона дар кишварҳои исломӣ бастагӣ дорад.

  Сулаймон Давлатзода изҳор кард : Мушаххас нест чӣ замоне зоирони тоҷик метавонанд ба Ҳаҷ мушарраф шаванд; чун ҳануз мақомоти Арабистони саъудӣ посухи шаффофе дар бораи баргузор шудан ва ё лағви маросими Ҳаҷ эълом накарданд .

 Вай мегуяд Тоҷикистон дар руйхати “сабз” қарор дорад ва бо беҳбуди авзоъ, зоирони тоҷик метавонанд фаризаи ҳаҷро ба ҷо оваранд .

  Раиси кумитаи дин ва танзими анъанаҳо ва ҷашнҳои Тоҷикистон гуфт : Хароҷоти Ҳаҷҷи умра дар солҳои гузашта 20 500 сомонӣ муодили 2 500 доллар буд, вале имсол бо тавваҷуҳ ба болову поин шудани қимати арз ҳануз масъулони ширкатҳои мусофиратӣ нархи навро эълом накардаанд .

    

  Бештар бихонед:

 

Барчасп