Пойдории рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли гузашта
(last modified Thu, 11 Feb 2021 12:40:03 GMT )
Феврал 11, 2021 17:40 Asia/Dushanbe
  • Пойдории рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли гузашта

Бонки миллии Тоҷикистон рушди иқтисодии кишвар дар соли гузаштаро пойдор арзёбӣ кард.

  Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, раиси ин бонк гуфт : Имсол мақомоти Бонки миллии кишвар ҳамон сиёсатҳои пулии соли 2020-ро барои собит нигаҳ доштани қиматҳо идома медиҳанд.

  Ҳикматуллоҳ Холиқзода афзуд: Сиёсатҳои пулии Бонки миллии кишвар бо ҳадафи аз байн бурдани таваррум,танзиму тақсими одилонаи пул,итминон аз суботи молӣ ва тавсеъаи иқтисоди пойдор иҷро мешавад .

  Вай ҳамчунин тавлиди нохолиси дохилии кишвар дар соли гузаштаро ҳудуди 82 500 000 000 сомонӣ ва бо рушди иқтисодии 4.5 дарсад эълом кард .

  Ҳикматуллоҳ Холиқзода афзуд: Мизони таварруми Тоҷикистон дар соли гузашта 9.4 дарсад буд, ки 1.4 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли 2019 аст .

  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт : Нархи анвоъи маҳсулоти ғизоӣ ҳам дар ин давра афзоиш дошта, ки иллати аслии он бемории корона ва эҷоди маҳдудиятҳои тараддуди худравҳои ҳамли бору мусофир дар марзҳои кишвар будааст .

 

 Бештар бихонед :