Феврал 13, 2021 18:12 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон гузариш ба хатти лотиниро соли 1993 оғоз кард
    Узбакистон гузариш ба хатти лотиниро соли 1993 оғоз кард

Ҷумҳурии Узбакистон қасд дорад то оғози соли 2023 мелодӣ алифбои сириликро ҳазф ва аз алифбои лотин истифода кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи интерентии ахбори Осиёи марказӣ,  Вазорати додгустарии Узбакистон рӯзи 11 феврал дар баёнияе эълом кард, ки давлати ин кишвар торихи мушаххасшуда ва нақшаи роҳи ин тарҳро таъйид кардааст. 

Ин тасмими давлати Узбакистон камтар аз чаҳор моҳ пас аз он эълом шуда, ки раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар фармоне хостори суръати бештар дар гузари комил ба алифбои лотин шуда буд.

 
Пешинаи тағири хат хат дар Осиёи Марказӣ

Забони узбакӣ ва дигар забонҳои Осиёи марказӣ то авохири даҳаи 1920 бо хати форсӣ-арабӣ навишта мешуд ва сипас алифбо ба лотин тағйир ёфт то он ки Шуравӣ дар соли 1940 алифбои русиро ворид кард. 

Дар соли 1993 камтар аз ду соли пас аз фурӯпошии Шуравӣ, Узбакистон гузар ба алифбоии лотӣнро оғоз кард, аммо алифбоии русӣ ҳамчунон ба таври густардае мавриди истифода аст. 

Дар кишвари Қазоқистон ҳам қарор аст раванди гузар ба алифбоии лотин то соли 2025 комил шавад. 

Туркманистон дар соли 1993 ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳам дар 25 декабри 1991 алифбои русиро бо алифбоии лотин ҷойгузин карданд. 

Тағири алифбои русӣ дар кишварҳои туркзабони Осиёи марказӣ ва Қафқоз бо ҳадафи фосила гирифтан аз нуфузи Русия ва эҷоди ҳувияти миллӣ ва забонии қавитар анҷом мешавад. 

Тағири алифбои форсӣ/арабии кишварҳои Осиёи марказӣ дар замони Шуравӣ бо ҳадафи дур кардани ин кишварҳои мусулмон аз ҷаҳони ислом ва ҳамчунин заъиф кардани иртиботи фарҳангӣ ва торихии онҳо бо Эрон анҷом шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп