Феврал 14, 2021 12:07 Asia/Dushanbe
  • Шумори довталабони таҳсил дар ин донишкада сол ба сол коҳиш меёбад
    Шумори довталабони таҳсил дар ин донишкада сол ба сол коҳиш меёбад

Раиси танҳо Донишкадаи исломии Тоҷикистон эълом кард:Сохти бинои нав барои ин маркази омузишӣ дар Душанбе мутаваққиф шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикӣ ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Тоҷиддин Ассомуддинзода иллати таваққуфи сохти ин биноро камбуди манобеи молӣ эълом кард ва афзуд, ки мунтазири дарёфти маблағҳои нав ҳастанд.

  Вай изофа кард: Барои сохти бинои нави ин донишкада дар канори бузургтарин масҷиди Тоҷикистон, ки бо кумаки молии Қатар дар шаҳри Душанбе дар ҳоли такмил аст,130 миллион сомонӣ ва 3 гектар замин ихтисос ёфта буд.

  Дар сурати такмили бинои ҷадиди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ин маркази омӯзишӣ метавонад 1 500 донишҷӯро қабул кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар ин маркази омӯзишӣ 879 донишҷӯ бо пардохти маблағ таҳсил мекунанд ва ба далели набуди шароит дар соли 2021 донишҷӯёни духтар дар ин донишкада пазируфта намешаванд.

  Ҳамчунин теъдоди довталабони таҳсил дар ин донишкада сол ба сол коҳиш меёбад.

  Коршиносон иллати камрағбатӣ барои вуруд ба ин маркази омӯзиширо поин будани сифати таълим, равишҳои қадимии омӯзиш ва бе кор мондани донишомӯхтагони он унвон мекунанд.

  Дар Тоҷикистон бо 9-у ним миллион нафар аҳолӣ, ки тақрибан ҳамагӣ мусулмон ҳастанд, танҳо муассисаи омӯзишии исломӣ ҳамин донишкада аст ва аз соли 2012 фаъолияти тамоми мадориси исломӣ дар ин кишвар мамнӯъ шуда ва тадриси хусусӣ дар ин замина низ амалан ғайримумкин аст.

 

 Бештар бихонед:

Барчасп