Талоши додситонии Суғд барои озодии тоҷикистонии боздоштшуда дар Русия
Мудири идораи тафтишотии додситонии вилояти Суғд аз талоши ин ниҳод барои озодии як сокини ноҳияи Исфара, ки ба дархости Қирғизистон дар Русия боздошт шудааст, хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ,Фурқат Абдулфаттоҳов-шаҳрванди 45 солаи Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар даргирии шаби 13 марти соли 2019 миёни сокинони рустоҳои марзии Исфара ва Ботканд ба дархости мақомоти қазоии Қирғизистон дар ҷумҳӯрии худмухтори Бошқирдистони Русия боздошт шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки Давлат Сафаров -мудири идораи тафтишоти додситонии вилояти Суғд гуфтааст, Фурқат Абдулфаттоҳов дар он торих дар Тоҷикистон набудааст.
Сафаров афзуд: Абдулфаттоҳов 29 марти соли 2019 аз Русия ба Тоҷикистон омада ва билети ҳавопаймо ва муҳри убури марз низ дар гузарномаи вай мавҷуд аст.
Дар ҳамин замина Саиди Имом-сарконсули Тоҷикистон дар ҷумҳӯрии худмухтори Бошқирдистон дар номае ба мақомоти интизомии Русия эълом кардааст, ки Фурқат Абдулфаттоҳов шаби 13 марти соли 2019 аслан дар Тоҷикистон ҳузур надошта ва дар Русия будааст.
Ба гуфтаи Саиди Имом барои дифоъ аз ин шаҳрванди Тоҷикистон вакил гирифта шудааст ва кормандони сарконсулгарии Тоҷикистон низ дар мурофиаи додгоҳӣ ҳузур доранд.
Як моҳ қабл низ Диловар Ҷураев, сокини дигари рустои Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ба иттиҳоми мушобеҳ ва бар асоси дархости Қирғизистон дар Русия боздошт шуда буд.
Гуфта мешавад, ки мақомоти қазоии Қирғизистон 23 сокини рустои Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистонро ба иттиҳоми мушорикат дар даргирии марзӣ бо қирғизҳо таҳти таъқиби полиси байналмиллал қарор додаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки бо вуҷуди беш аз 25 соли музокира ба далели ихтилоф бар сари манобеи об,чарогоҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ танҳо дар бораи аломатгузории 504 километр аз манотиқи марзӣ ба тавофуқ расидаанд.
Бештар бихонед:
- Умедворӣ ба ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар давраи ҷадид
-
Коҳиши даргириҳо дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон
-
Сохти таъсисот дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон мамнӯъ шуд