Феврал 15, 2021 13:37 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрдории Душанбе: Сокинони кӯчаи Ҳофиз Шерозӣ антеннаҳои моҳвораии худро ҷамъ кунанд
    Шаҳрдории Душанбе: Сокинони кӯчаи Ҳофиз Шерозӣ антеннаҳои моҳвораии худро ҷамъ кунанд

Шаҳрдории Душанбе дасткр додааст, ки сокинони хонаҳои хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар атрофи маҳалли сохти бурҷи 120 метрии Озодӣ ва истиқлол антеннаҳои моҳвораии хешро аз рӯи бомҳо ҷамъ кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, дар ин дастур таъкид шудааст,, ки дар сурати ҷамъ накардани довталабонаи ин таҷҳизот, мақомоти шаҳрдорӣ бо истифода аз зӯр иқдом хоҳанд кард. 

Аммо сокинони ин хонаҳо мӯътақиданд, ки мавҷгирҳои моҳвораӣ ягона манбаи дастрасии онҳо ба хабарҳое мебошанд, ки тавассути телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш намешавад ва кӯшиши шаҳрдорӣ барои ҷамъоварии таҷҳизот хилофи ҳуқуқи моликияти шахсии онҳо дониста мешавад.
  

 
Шокирҷон Ҳакимов ҳуқуқдони тоҷик низ ин иқдомро нақзи ҳуқуқ ва озодии сокинони ин хонаҳо унвон мекунад, ки аз ҳаққи дастрасӣ ба иттилооти озод бархӯрдоранд
  
  

Аммо мақомоти шаҳрдории Душанбе муддаӣ ҳастанд, ки вуҷуди ин антеннаҳои моҳвораӣ ба намоди бурҷи дар ҳоли сохти Озодии Истиқлол халал ворид мекунад.

Бурҷи 121 метрии Озодии Истиқлол дар шаҳри Душанбе ба муносибати сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

 

Бештар бихонед:

Барчасп