Феврал 16, 2021 13:55 Asia/Dushanbe
  • Боздиди вазири тандурустии Тоҷикистон аз бемористонҳои шаҳри Душанбе

Вазири тандурустии Тоҷикистон аз бемористонҳои шаҳри Душанбе боздид кард.

Ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, бахшҳои уфунии марказҳои дармонии шаҳри Душанбе пас аз бозсозии дубора ба ҳолати оддии худ бозгаштааст ва ҳамаи шароитро барои ташхису дармони беморон дорад.

Ҷамолиддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустии Тоҷикистон ба ҳамроҳи Хушбахт Шарифзода, раиси Идораи беҳдошти Душанбе дар ин боздид бо теъдоде аз кадри дармонӣ низ дидор ва бо онҳо гуфтугӯ карданд.

Ҷамолиддин Абдуллоҳзода дар ин дидор зимни ташаккур аз талошҳои тамоми кадри дармон дар замони густариши бемории корона гуфт: Дар ин муддат иқдомоти хубе барои афзоиши кайфияти хадамоти тиббӣ ва беҳдоштӣ ба мардум иҷро шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп