Ҷазби ғайриқонунии коргарон ва саркашӣ аз пардохти андози ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 17 Feb 2021 06:47:07 GMT )
Феврал 17, 2021 11:47 Asia/Dushanbe
  • Ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон ба саркашӣ аз андоз ва ҷалби беиҷозаи коргарони хориҷӣ муттаҳам мешаванд
    Ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон ба саркашӣ аз андоз ва ҷалби беиҷозаи коргарони хориҷӣ муттаҳам мешаванд

Агентии давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аксари ширкатҳои чинии дар ин кишвар фаъолиятдоштаро дар ҷалби ғайриқонунии коргарон ва саркашӣ аз андоз айбдор мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Пресса.Тҷ,  мақомоти ин ниҳод дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки ин иқдом мӯҷиби вориз нашудани маблағи 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ба буҷети ҳукумат шудааст. 

Ба гуфтаи ин мақомот,  натоиҷи бозрасии фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ нишон дод, ки аксари ширкатҳои чинӣ бидуни муҷаввизи расмии иқдом ба ҷазби коргари хориҷӣ кардаанд ва молиёт низ пардохт нашуда, ки буҷети ҳукумат мутаҳаммили хисороти молӣ шудааст. 

Аз ин рӯ ширкатҳои чинии "Покруд " 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ", Синоҳедрои Тоҷикистон" 772 ҳазор сомонӣ, " ширкати иртибототи Синк Ёнг " 451 ҳазор сомонӣ, "Ҷонг Фу"  600 ҳазор сомонӣ", "Ти Би Ай " 97 ҳазор сомонӣ ва "Ҷунтай Моҳирсимон" 7 ҳазору 200 сомонӣ молиёт пардохт накардаанд. 

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз ширкатҳои хориҷии дар ин кишвар фаъолиятдошта даъват ба амал овард, ки барои ҳисобҳои молиявӣ аз стандартҳои байналмилалӣ истифода баранд.

Вай бо интиқод аз фаъолияти теъдоде аз ширкатҳои хориҷии дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ин марокиз бояд бар асоси қавонини ин кишвар фаъолият ва амалкарди молии шаффоф дошта бошанд.


  Бештар бихонед: