Шарти ҳокими вилояти Суғд барои бозкушоии марзҳо бо Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Wed, 17 Feb 2021 08:34:33 GMT )
Феврал 17, 2021 13:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳокими вилояти Суғд шарти боз кардани марзҳоро эълон кард
    Ҳокими вилояти Суғд шарти боз кардани марзҳоро эълон кард

Ҳокими вилояти Суғд эълом кард, ки шарти бозкушоии марзҳо бо Тоҷикистон ва Қирғизистон беҳбуди авзои бемории Ковиди 19 дар ин кишвари ҳамсоя мебошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Раҷаббой Аҳмадзодаи дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфтааст, ки беш аз як моҳ мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳеч мавриди ҷадиди ибтило ба Ковиди 19 сабт нашуда ва мавзӯи бозгушоии дубораи марзи вилояти Суғд бо Узбекистон ва Қирғизистон ба беҳбуди авзоъи ин маризӣ дар ин ду кишвар бастагӣ хоҳад дошт. 

Вай таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир вилояти Суғд бо 7 минтақаи Узбакистон муровидоти тиҷорӣ дорад. Аммо ба далели густариши вируси корона ва баста будани марзҳо фаъолони бахши хусусии 7 вилояти Узбакистон барои содироти молҳои хеш, дархост ирсол мекунанд. 

 Мақомоти вилояти Суғд ин дархостро ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мефиристанд ва тайи як ҳафта муҷаввизи воридоти ин маҳсулот эъто мешавад. 

Бо ин ҳол мақомоти вилоят Суғд мегӯянд, дар шароити коронаии фаъолияти бозорчаҳои марзӣ бо Узбакистон ва Қирғизистон коҳиш ёфтааст,  ки мӯҷиби афзоиши бекорӣ дар миёни сокинони деҳаҳои марзӣ шудааст.

 

Бештар бихонед: