Боздошти се қочоқчии тилло дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i62516-Боздошти_се_қочоқчии_тилло_дар_Тоҷикистон
Се қочоқчии тилло дар Тоҷикистон дастгир шуданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Феврал 19, 2021 21:07 Asia/Dushanbe
  • Боздошти се қочоқчии тилло дар Тоҷикистон

Се қочоқчии тилло дар Тоҷикистон дастгир шуданд.

Ба гузориши “Азия плюс”, раиси Идораи мубориза бо коррупсияи гумруки Тоҷикистон эълом кард, 3 нафар аз масъулони гумрук қасд доштанд 90 килограм тилло ба арзиши 15 миллион долларро аз кишвар хориҷ кунанд.

Раҳмоналӣ Раҳимзода гуфт: Ин афрод замони хуруҷ аз кишвар дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дастгир шуданд.

Вай афзуд: Аъзои ин банда қасд доштанд ин миқдор тиллоро ба кишвар Дубай интиқол диҳанд.

Раиси Идораи мубориза бо фасоди гумруки Тоҷикистон гуфт: Зимни мусодираи 90 килограм тилло аз онҳо барои ин афрод парвандаи қазоӣ ташкил ва таҳқиқот дар ин бора низ идома дорад.

 

Бештар бихонед: