Феврал 20, 2021 20:45 Asia/Dushanbe
  • Раҳимзода: Аз 10 декабр токунун 250 миллион сомонӣ дуздии барқ дар Тоҷикистон ифшо шудааст
    Раҳимзода: Аз 10 декабр токунун 250 миллион сомонӣ дуздии барқ дар Тоҷикистон ифшо шудааст

Раиси ситоди кишварии назорат бар масрафи барқ дар Тоҷикистон аз ифшои дуздии барқ ба арзиши 250 миллион сомонӣ дар ду моҳи ахир дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Рамазон Раҳимзода гуфтааст, ки аз рӯзи 10 декабри соли 2020, ки ситоди кишварии назорат бар масрафи барқ фаъолияти худро оғоз карда 250 миллион сомонӣ дуздии барқ дар Тоҷикистон ифшо шудааст. 

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин изофа кард : дар ин муддат алайҳи афроде, ки ба сирқати барқ ва истихроҷи ғайримуҷози Биткоин бо истифода аз таҷҳизоти пурмасрафи барқ муттаҳам шудаанд, 14 парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.  

 Ба гуфтаи Раҳимзода 52 мавриди истифода аз таҷҳизоти пурмасрафи барқ барои истихроҷи Биткоин дар Тоҷикистон шиносоӣ шуда ва 60 нафар низ дар ин замина боздошт шудаанд. 

Мақомоти масъули Вазорати корҳои дохила, додситонии кулл, Комитети давлатии амнияти миллӣ, ожонси мубориза бо фасоди молӣширкати барқи тоҷик ва комитетҳои давлатии умури занон ва хонавода ва варзиши ҷавонони узви ситоди кишварии назорат бар раванди масрафи барқ дар Тоҷикистон ҳастанд. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп