Эътои гувоҳинома ба бонувони ширкаткунанда дар курсҳои касбии Тоҷикистон
(last modified Sun, 21 Feb 2021 17:15:31 GMT )
Феврал 21, 2021 22:15 Asia/Dushanbe
  • Эътои гувоҳинома ба бонувони ширкаткунанда дар курсҳои касбии Тоҷикистон
    Эътои гувоҳинома ба бонувони ширкаткунанда дар курсҳои касбии Тоҷикистон

Теъдоде аз бонувоне, ки дар курсҳои фаннӣ -касбӣ ширкат карда буданд, сертификати касбӣ дарёфт карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шаҳрдории Душанбе ин гувоҳиномаҳо фақат барои ширкаткунандагоне содир шуд. ки тавонистанд курсҳои омӯзиширо бомуваффақият тай кунанд.

 

Дар ин давра ду соҳаи дӯзандагӣ ва қаннодӣ омӯзонида шуданд.

Ҳадафи ин курсҳои омӯзишӣ, ки бо саъйи шаҳрдории Душанбе аз 28 декабри соли 2020 баргузор мешавад, ҳавасманд кардани занон ба омӯзиши малака ва фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ барои оилаҳои осебпазир мебошад.

мақомоти шаҳрдории Душанбе эълом карданд, ки соли гузашта 9387 нафар ба муассисоти корёбӣ муроҷиат карданд. ки 5343 нафар аз онҳо зан буданд.

Инчунин соли гузашта, 2610 нафар низ дар курсҳои омӯзишии фаннӣ-касбии шаҳри Душанбе ширкат карданд. 

 

Бештар бихонед: