Мушкилоти содироти ангишти Тоҷикистон
(last modified Tue, 23 Feb 2021 06:21:06 GMT )
Феврал 23, 2021 11:21 Asia/Dushanbe
  • Дар соли 2020 беш аз 2 миллион тон ангишт ба истихроҷ шуд
    Дар соли 2020 беш аз 2 миллион тон ангишт ба истихроҷ шуд

Дар Тоҷикистон дар соли 2020 танҳо 2 ҳазору 700 тон ангиш аз беш аз2 миллион тон аз ин сӯхт истихроҷ шуда дар ин кишвар ба хориҷ содир шудааст.

Ба гузориши сомонаи Топ тҷ, дар соли 2020 дар Тоҷикистон 2 миллион ва 29 ҳазор тани зуғоли санг истихроҷ шуд, ки танҳо 2 ҳазору 700 тон аз ин навъи сӯхт ба Афғонистон, Узбекистон ва Покистон содир гардид.

Мақомоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, набуд хутути роҳи оҳан дар наздикии маъданҳои ангишро омили аслии ночиз будани мизони содирот унвон мекунанд. Аксари маъданҳои ангишти Тоҷикистон дар манотиқи кӯҳистонӣ воқеъ шудаанд ва бо роҳҳои муҳимми иртиботии ин кишвар фосилаи зиёде доранд аз тарафе ҳазинаи интиқоли ангишт бо мошини боркаш низ гаронаст ва бар қиммати он таъсир мегузорад. Қиммати ҳар литр бензин ва салярка дар Тоҷикистон беш аз7 сомонӣ мебошад.

Дар ҳоли ҳозир масрафкунандаи умдаи ангишти Тоҷикистон Маркази гармошӣ ва тавлиди барқи шаҳри Душанбе ба ҳисоб меояд, ки дар соли 2020 беш аз 1 миллиону 100 ҳазор тон ё 88 дарсади кулли ангишти истихроҷ шуда дар ин кишварро харидорӣ кардааст.

БЕШТАР БИХОНЕД: