Ҳимояти вазири дифои Тоҷикистон аз қонуни ҷадиди хариди хизмати сарбозӣ
(last modified Tue, 23 Feb 2021 09:16:06 GMT )
Феврал 23, 2021 14:16 Asia/Dushanbe
  • Генерал Шералӣ Мирзо гуфт, касоне, ки хизмати сарбозиро мехаранд сарбози захираи артиши Тоҷикистон ҳастанд
    Генерал Шералӣ Мирзо гуфт, касоне, ки хизмати сарбозиро мехаранд сарбози захираи артиши Тоҷикистон ҳастанд

Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳимоят аз қонуни хариди хизмати сарбозӣ гуфт, ислоҳи қонуни сарбозӣ дар кишвар амри зарурӣ мебошад.

Ба гузориши сомонаи Пресс Тҷ, генерал Шералӣ Мирзо бо ишора ба фарорасии Рӯзи артиши миллии Тоҷикистон (23 феврал) аз ислоҳи қонуни хидмати ҳарбӣ дар ин кишвар, ки ахиран ба тасвиби Маҷлиси намояндагон ва имзои раисиҷумҳур расид, ҳимоят кард.

Бар асоси ин ислоҳия заминаи хариди хидмати сарбозӣ ва дарёфти карти муъофият барои ҷавононе, ки ба далелҳои мухталиф намехоҳанд ба хизмати ҳарбӣ эъзом шаванд, фароҳам гардид.

Акнун хоҳишмандон метавонанд бо пардохти маблағе, ки ҳукумати Тоҷикистон таъин мекунад, карти муъофият дарёфт кунанд.

Ба гуфтаи генерал Шералӣ Мирзо, ин афрод бо фарогирии давраи омӯзишӣ як моҳа карти муъофият дарёфт мекунанд ва сарбозони захираи Артиши миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меоянд.

Вай таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир 1 ҳазору 600 зан дар сохтори Вазорати дифои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки дорои дараҷаҳои баланди низомӣ мебошанд.

Аз рӯзи 23 феврал дар Тоҷикистон ба унвони солрӯзи таъсиси Артиши миллии кишвар таҷлил мешавад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: