Феврал 23, 2021 18:38 Asia/Dushanbe
  • 23 феврал дар Тоҷикистон Рӯзи артиши миллӣ номгузорӣ шудааст
    23 феврал дар Тоҷикистон Рӯзи артиши миллӣ номгузорӣ шудааст

Маросими таҷлил аз бистуҳаштумин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо ширкати раиси ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, маросими таҷлил аз бисту ҳаштумин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи сешанбе 23 феврал бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Душанбе барпо шуд. 

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ба ҳамаи сарбозону кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва ҳамчунин  сарбозони собиқадор табрик гуфт. 
  

Вай хотирнишон кард : «Раёсат ва давлати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои эҷоди Қувваҳои Мусаллаҳ, бо вуҷуди фурсатҳои маҳдуди иқтисодӣ, тамоми иқдомоти лозимро барои эҷоди зерсохтҳо ва воҳидҳои вижаи низомӣ, муҷаҳҳазсозӣ ва эҷоди шароит барои фаъолияти онҳо, анҷом додааст.» 

Эмомалӣ Раҳмон дар бахши дигаре гуфт: « Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон эътимод дорем ва медонем, ки онҳо ҳамчунон сипари қобили иттикое дар ҳифозат аз озодӣ ва истиқлол, амният ва мардуми кишвар хоҳанд буд.» 
  
 Пас аз ин рӯйдоди расмӣ, ҷашне бо ҳузури ҳунармандони тоҷик баргузор шуд. 

Дар Тоҷикистон аз соли 1993 милодӣ рӯзи 23 февралро ба унвони рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷашн мегиранд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп