Намояндаи маҷлис: таъини ҳазинаи хизмати ҳарбӣ дар дасти баррасӣ аст
-
Дар Тоҷикистон қонуни даъват ба артиш барои хариди хизмати ҳарбӣ иҷро мешавад
Намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон гуфт. ки машваратҳо барои таъини ҳазинаи хидмати сарбозӣ оғоз шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Меъроҷ Абдуллоев бо ишора ба ислоҳи қонуни даъват ба сафи артиш дар Тоҷикистон, ки ахиран ба тасвиби маҷлиси намояндагон ва имзои раиси ҷумҳурӣ расид гуфт: Қонуни нав се намуди хидмат дар қувваҳои мусаллаҳро фароҳам месозад."
Вай гуфт: «Аввал ин ки ин ислоҳия заминаи хариди хизмати сарбозӣ ва дарёфти картаи муъофиятро барои ҷавононе, ки ба далелҳои мухталиф намехоҳанд ба хизмати ҳарбӣ эъзом шаванд муҳайё кард ва навъи дувуми хизмат, эъзоми довталабонаи ҷавонони дороӣ шароит мебошад, ки муваззаф ба рафтан ба хизмат ҳастанд.»
Абдуллоов афзуд: «Намуди сеюми хидмат ин фиристодани ҳатмии 12-моҳаи хатмкунандагони марказҳои донишгоҳӣ бо курси ҳарбӣ мебошад, ки пас аз як сол ба онҳо рутбаи афсарӣ (лейтенант) дода мешавад. "Ин афрод афсарони эҳтиётии Артиши Миллии Тоҷикистон хоҳанд буд, ки гоҳ-гоҳ омӯзиши иловагӣ мегиранд ва дар ҳолати зарурӣ омодаанд ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ пайванданд."
Меъроҷ Абдуллоов таъкид кардааст, ки ҳазинаи хариди хизмати ҳарбиро ҳукумати Тоҷикистон таъин мекунад ва акнун машваратҳо дар ин замина миёни Вазорати дифо ва Вазорати молия идома дорад.
Бештар бихонед: