Зиндонӣ шудани яке аз сокинони шаҳри Хоруғ ба далели имтиноъ аз рафтан ба сарбозӣ
(last modified 2023-04-05T10:01:16+00:00 )
Апрел 05, 2023 15:01 Asia/Dushanbe
  • Зиндонӣ шудани яке аз сокинони шаҳри Хоруғ ба далели имтиноъ аз рафтан ба сарбозӣ

Яке аз сокинони шаҳри Хоруғ ба далели имтиноъ аз рафтан ба хизмати сарбозӣ, зиндонӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сокини шаҳри Хоруғ , маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба далели имтиноъ аз рафтан ба хизмати сарбозӣ ба зиндон маҳкум шуд.

Бар асоси раъйи додгоҳи шаҳри Хоруғ, Сорбон Комилов ба далели “фирори амдӣ аз хизмати сарбозӣ ва ҳузур наёфтан дар комиссариарти ҳарбӣ пас аз дарёфт эҳзория, ба як соли зиндон маҳкум шуд.”

Дар Тоҷикистон, хизмати сарбозӣ барои муддати муайян иҷборист ва фирор аз хизмати сарбозӣ муҷозот дорад.

Парвандаи ҷавони синни даъватиро Додситонии шаҳри Хоруғ аз рӯйи моддаи 343 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне саркашӣ аз рафтан ба артиш баррасӣ кардааст.

Бар асоси ин банд аз қонуни кайфарии Тоҷикистон муҷрим ба пардохти ҷаримаи нақдии 500 то ҳазор сомонӣ ва ҳаддиақали музд ё ҳабс то ду сол маҳкум мешавад.

Додситонии кулли кишвар дар шарҳи ин парванда навиштааст, ки Сорбон Комилов моҳи марти соли 2022 барои муоинаи тиббӣ ба комиссариарти ҳарбӣ даъват шуда буд, аммо якуми апрели ҳамон сол “бе ягон сабаби узрнок” ба сафарбарӣ ҳозир нашуд

 

Барчасп