Файзов узрхоҳӣ кард ва умедворӣ дод
(last modified Wed, 24 Feb 2021 08:55:10 GMT )
Феврал 24, 2021 13:55 Asia/Dushanbe
  • Раиси вилояти Бадахшон гуфт, ки мақомоти давлатӣ натавонистанд аз имконоти мавҷуд барои рифоҳи мардум истифода кунанд
    Раиси вилояти Бадахшон гуфт, ки мақомоти давлатӣ натавонистанд аз имконоти мавҷуд барои рифоҳи мардум истифода кунанд

Раиси вилояти Бадахшон ба далели нотавонӣ дар таъмини барқ дар фасли сарди зимистон аз мардуми ин минтақа узрхоҳӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти раёсати вилояти БадахшонЁдгор Файзов дар нишаст натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти ҳукуматӣ дар соли 2020, барномаҳои иҷрошударо нокофӣ хонд ва аз ин, ки натавонистанд дар зимистони сард хонаҳои сокинони ин минтақаи кӯҳистониро бо барқ таъмин кунанд, маъзаратхоҳӣ кард.   

Вай таъкид кард дар вилояти Бадахшон зарфиятҳои зиёде барои беҳбуди вазъи зиндагии мардум вуҷуд дорад, ки мақомоти давлатӣ дар истифода аз он кӯтоҳӣ кардаанд. 

 

Файзов гуфт: «Барои ҳалли мушкили буҳрони камбуди барқ дар вилояти Бадахшон бар асоси барномаи тайи солҳои 2021 то 2023 сохти 19 нерӯгоҳи хуршедӣ, иттисоли шабакаи барқи минтақа ба хутути барқи саросарии Тоҷикистон ва баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи барқи обии Себзор дар назар аст. Мо умедворем, ки бо ин тадбирҳо тайи ду се соли наздик буҳрони камбуди барқ дар Бадахшон ҳал шавад.» 
 


Раиси вилоят Бадахшон гуфт, ки талош мешавад то барои такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии Себзор манобеи молӣ бештари ҷазб ва сохти нерӯгоҳи ҷадиди мавсум ба Чортим низ оғоз шавад. 

Вилояти Бадахшон танҳо минтақаи Тоҷикистон буд, ки мушкили лимити барқ надошт, аммо дар зимистони ҷорӣ ба далели сардии ҳаво ва ях задани манобеи оби вурудӣ ба сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Помир дар ин вилоят низ маҳдудияти интиқоли барқ иҷроӣ шуд.

 

Бештар бихонед: