Феврал 24, 2021 19:35 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Украина дар Душанбе бо вазири маориф ва илми Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва сафири Украина дар Душанбе роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои илмиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши манобеи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Василий Серватюк, сафири Украина дар Тоҷикистон дар мулоқоте дар шаҳри Душанбе масоили тавсеаи ҳамкории илмиро баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот мавзӯоти марбут ба афзоиши таомулоти байни ду кишвар дар заминаи улуму омӯзиш баррасӣ шуд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа тасвиб шуд, Украина солона 20 бурсияи таҳсилӣ (15 лисонс ва 5 фавқуллисонс) барои шаҳрвандони Тоҷикистон ихтисос диҳад, ки бар асоси он барои даҳҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон идомаи таҳсил дар муассисоти омӯзиши олии Украина фароҳам мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп