Феврал 26, 2021 22:15 Asia/Dushanbe
  • Тағйири муқаррароти вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон
    Тағйири муқаррароти вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Тоҷикистон муқаррароти вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба кишварро тағйир дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, шаҳрвандоне ки алайҳи корона ваксина шудаанд, метавонанд бидуни доштани гувоҳиномаи озмоиши манфии Ковид-19 ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, мудири идораи бемориҳои сироятии Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт: Ин муқаррарот шомили шаҳрвандоне аст, ки як моҳ аз тазриқи ваксинаи онҳо гузашта бошад.

Вай афзуд: Аммо барои шаҳрвандоне, ки тоза ваксина шуданд, ҳамчунон доштани гувоҳиномаи манфӣ будани озмоиши корона барои вуруд ба Тоҷикистон илзомӣ аст.

Бар асоси тавофуқи мақомоти Тоҷикистон бо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ қарор аст аз тариқи барнома ҳудуди 732 ҳазор доза ваксинаи коронаи “COVAX” ба Тоҷикистон ирсол шавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп