Кушта шудани ду ҷангҷӯи тоҷик дар Бадахшони Афғонистон
(last modified Sat, 27 Feb 2021 08:12:35 GMT )
Феврал 27, 2021 13:12 Asia/Dushanbe
  • Ҷасадҳои ин ду тоҷик дар минтақаи Хугад ба хок супурда шудааст
    Ҷасадҳои ин ду тоҷик дар минтақаи Хугад ба хок супурда шудааст

Ду ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар даргирии ахири нерӯҳои амниятии Афғонистон бо гурӯҳи Толибон дар шаҳристони Нусайи вилояти Бадахшон кушта шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Эшон Зайналобиддин, фармондори шаҳристони Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтааст, ки дар ин даргирӣ се нерӯи амниятӣ ва 9 узви гурӯҳи Толибон кушта шудаанд, ки ду нафар аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Ба гуфтаи ин мақоми маҳаллии Афғонистон, ҷасадҳои ин ду тоҷик ба номҳои Муҳаммадюнус ва Хизифа дар минтақаи Хугад ба хок супурда шудааст.

Ӯ муътақид аст, ки авомили даргире бо нерӯҳои амниятӣ дар ин минтақа аъзои гурӯҳи ДИИШ ҳастанд, ки ба дуруғ худро вобаста бо Толибон муаррифӣ мекунанд.

Фармондори шаҳристони Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон ҳамкории наздики мақомоти амниятии Тоҷикистону Афғонистонро барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ дар ин вилоят хостор шудааст то дар оянда дардисаре барои кишвари ҳамсоя эҷод нашавад.

Пас аз ин даргирӣ генерал Анатолий Сидоров, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) теъдоди аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Туркманистон дар шимоли Афғонистонро 15 ҳазор нафар эълом кард.

Вай афзуд, теъдоди нерӯҳои гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон низ ҳудӯди 70 ҳазор нафар аст.

Сидоров аз тасмими ин созмон барои баргузории 4 размоиши роҳбурдӣ дар наздикии марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон дар соли 2021 хабар дод.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: