Афзоиши саҳми тоҷикистониҳо аз қарзи хориҷии ин кишвар
(last modified Sat, 27 Feb 2021 08:57:59 GMT )
Феврал 27, 2021 13:57 Asia/Dushanbe
  • Дар соли 2020 мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон ба се миллиарду 200 миллиону 100 ҳазор доллар расид
    Дар соли 2020 мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон ба се миллиарду 200 миллиону 100 ҳазор доллар расид

Саҳм ҳар шаҳрванди тоҷикистонӣ аз қарзи хориҷии ин кишвар дар соли 2020 ба 339 доллар расид.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар соли 2020 мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон ба се миллиарду 200 миллиону 100 ҳазор доллар расид, ки бо тавваҷуҳ ба ҷамъияти 9 миллиону 400 ҳазор нафарии ин кишвар, саҳми ҳар шаҳрванд аз қарзи хориҷӣ ҳудӯди 339 доллар аст.

Мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки ин мизон қарзи хориҷии ин кишвари баробар бо 43.8 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст.

Ҳамчунин барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020 беш аз 190 миллиондоллар ҳазина шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон дар соли 2020 барои ҳимоят аз буҷети ҳукумати Тоҷикистон дар шароити коронаӣ 348 миллиону 300 ҳазор доллар ҷазб шудааст ва аз ҷумла Сандӯқи байналмилалии пул дар чорчӯби ин барнома ба Тоҷикистон 189 миллиону 900 ҳазор доллар ва Сандӯқи Рушди Авруосиё 50 миллиондоллар воим бидуни сӯд ихтисос додаанд.

Ҳамакнӯн Тоҷикистон ба Бонки содирот ва воридоти чин як миллиарду 200 миллион доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 338 миллиондоллар, Бонки Рушди Осиё 287 миллиондоллар ва Бонки Рушди Исломӣ 132 миллиондоллар қарз дорад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: