Русия: Мақсади сафари 95 дарсад коргарони муҳоҷири тоҷик
(last modified Sat, 27 Feb 2021 16:34:30 GMT )
Феврал 27, 2021 21:34 Asia/Dushanbe
  • Ширин Амонзода мегӯяд, ки музокирот бо Русия барои беҳбуди шароити муҳоҷирони кории тоҷик идома дорад
    Ширин Амонзода мегӯяд, ки музокирот бо Русия барои беҳбуди шароити муҳоҷирони кории тоҷик идома дорад

Вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, ки мақсади сафари наздик ба 95 дарсади коргарони муҳоҷири тоҷик Русия мебошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи ҷумҳурият,  Ширин Амонзода ҳамчунин афзудааст, ки музокира бо мақомоти Маскав дар бораи афви коргарони муҳоҷири ихроҷӣ, осонсозии сафари онон ва дарёфти маоши нафақа барои тоҷикҳо аз Русия идома дорад. 

Вай таъкид кардааст, ки мавзӯи осонсозии шароити кору иқомати коргарони муҳоҷири тоҷик , осонсозии раванди дарёфти муҷаввизи кор, сабти номи фарзандони хонаводаҳои муҳоҷир, таҳияи омори воҳид аз теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва фароҳам сохтани шароити вуруди атбоъи Тоҷикистон ба Русия дар замони ҳамагирии корона дар дастури кори Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон қарор дорад. 

Вай аз коҳиши шадиди сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия дар соли 2020 дар пайи густариши вируси корона, ки мӯҷиби коҳиши даромади ирсолии ин афрод барои хонаводаҳояшон, афзоиши бекорӣ ва фақр дар Тоҷикистон шуд, ибрози нигаронӣ кардааст.

 

Бештар бихонед: