Декабр 16, 2022 20:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши муҳоҷират дар Душанбе
    Ҳамоиши муҳоҷират дар Душанбе

Ҳамоише бо унвони “Фарояндҳои муҳоҷират: равандҳо, чолишҳо ва чашмандозҳо” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳадафи аслии баргузории ин конфронс афзоиши огоҳии мардум дар мавриди муҳоҷирати эмин ва қонунӣ буд.

Дар ин конфронс Ширин Амонзода, вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, СезинСиноуғлу, ҳамоҳангкунандаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Кристина Ҷорҷ, раиси Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон ва намояндагони вазоратхонаҳо ҳузур доштанд.

Дар ҳамоиш дар мавриди иҷрои аҳдофи тавсеаи пойдор дар заминаи муҳоҷират, авлавиятҳову чашмандозҳо ва истифода аз тавонмандиҳои мухталиф барои тавсеаи шуғлҳои хурду миёна баҳсу баррасӣ шуд.

 

Барчасп